Соати сиёси дар мавзӯӣ «Парчами миллӣ- таҷассумгар ва ифтихори миллати мост»

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз бо иштироки намояндаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод вохӯри бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1- баргузор гардид.

Дар оғоз намояндаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод ҳозиринро ба ин санаи фархунда табрик намуда, иброз доштанд, ки парчам рамзи саодат, рамзи хушбахтӣ, рамзи сарбаландиву сарафрозӣ, нишонаи миллату муаррифгари давлат дар саҳифаи таърих ва арсаи байналмилалӣ аст.

Парафшонӣ ва болобаландии парчам барои ҳар фарди ватандӯст нишонаи ободиву озодӣ ба ҳисоб рафта, пойдевори нангу номуси кишвар аст. Ҳамин бузургӣ ва эҳтироми парчам аст, ки халқи тоҷик аз қадим онро ҳамчун як муқаддасоти миллӣ ва нишонаи пешрафту музаффарият медонистанд, ки ин анъана то ба имрӯз  побарҷост.