ОЗМУНИ ИНШОИ БЕҲТАРИН ТАҲТИ УНВОНИ «БО ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ИФТИХОР ДОРЕМ!»

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 15-уми ноябри соли ҷорӣ дар асосои нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2- ноҳия озмуни иншои беҳтарин зери унвони «Бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ифтихор дорем!» доир гардид. Озмуни беҳтарин иншо миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудудин ноҳия гузаронида шуд.

Дар озмуни иншои беҳтарин хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷамоати шаҳраки Муъминобод фаъолона иштирок намуда, беҳтаринҳо ба Cипоснома ва тӯҳфаҳои омоданамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ сарфароз гардонида шуданд.

Лозим ба зикр аст, ҳамасола дар саросари кишвар 16-уми ноябр  ҳамчун Рӯзи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Аз ин рӯ, дар ноҳияи Муъминобод бахшида ба ин санаи фархунда озмунҳо ва чорабиниҳои идона идома доранд