«РӮЗИ ЁДОВАРӢ»

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод  санаи  10-уми ноябри соли 2023 дар оромгоҳи деҳаи Ҳанатарош бо иштироки ҷавонону фаъолон, собиқадорон ва сокинони ҳудуди ҷамоатҳои мазкур ва бо ҳузури 1 нафар имомхатиб ҳашар оид ба тоза намудани дохил ва атрофи оромгоҳи мазкур ба роҳ монда шуд.

Лозим ба зикр аст, ки баргузории чунин чорабиниҳо ва тоза намудани оромгоҳҳо дар ҳамбастагӣ бо Бахши дин, танзими анъана  ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод ва эмомхатибони ин ҷамоатҳо баргузор гардида, ин амали савоб дар дигар деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия баргузор карда мешавад.