ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР МТМУ №3

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳияи Муъминобод низ  Рӯзи Конститутсия таҷлил гардид.

Зимни чорабини директори муассиса Парвина Алиаҳмадова ҳозиринро бо ин санаи муборак табрик намуда қайд карданд, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари соҳибистиқлол гардиданаш аввалин Конститутсияи худро қабул намуд, ки озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро дар меҳвари худ қарор дода, унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуд.
Пеш аз ҳама нақши таърихии  Конститутсия,  дар он  муқаррар мегардад, ки ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти халқро маҳз тибқи муқаррароти ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагии шаҳрвандонро мушаххас мегардонад.