КОНСТИТУТСИЯ САНАДИ ТАҚДИРСОЗИ ДАВЛАТ ВА МИЛЛАТ

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод байни хонандагон ва омӯзгорони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳия Раҳимов Фурқат мудири шуъбаи кор боҷавонон ва занони КИ ноҳиявӣ вохӯри доир намуданд.

Вохӯриро Раҳимов Фурқат мудири шуъбаи кор боҷавонон ва занони КИ ноҳиявӣ бо сухани ифтитоҳи кушода таъкид намуданд, ки  Рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 барои мардуми тоҷик, санаи тақдирсози миллат мебошад, зеро маҳз дар ҳамин рӯз бо роҳи райпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. 

Раҳимов Фурқат зимни баромади хеш ба самтҳои афзалиятноки Паём таваҷҷуҳ намуда, иброз доштанд, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ аз ҷониби омӯзгорон таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки ҳар як падару модар барои таълиму тарбияи фарзанд муваззаф буда вазифадоранд, ки фарзанди хешро дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва аз худ карданӣ илмҳои замони муосир тарбия намоянд.