«РӮЗИ ЁДОВАРӢ»

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод бо мақсади иҷрои нақшаи амалёти муштарак оид ба тоза намудани дохил ва атрофии қабристонҳо санаи 20-уми октябри соли 2023 дар оромгоҳи деҳаи Ҳанатароши Ҷамоати деҳоти Деҳибаланди ноҳия бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод, ҷавонону фаъолон, собиқадорон ва сокинони ҳудуди ҷамоату имомхатибон ҳашари умуминоҳиявӣ таҳти унвони «Рӯзи ёдоварӣ»  - ро роҳандозӣ намуд, ки дар он сокинон ва ҷавонон фаъолона иштирок намуда, дохил ва атрофии оромгоҳи мазкурро аз хушкидаю алафҳои бегона тоза намуданд.

Бояд ёдовар шуд, ки чунин чорабиниҳо дар ҳудуди дигар деҳаву маҳаллаҳои ноҳия идома дорад.