ВОХӮРӢ БО АЪЗОИ ТҶҶ «СОЗАНДАГОНИ ВАТАН»

Муъминобод: Созандагони ватан  

Дар асоси нақша чорабиниҳои тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демокаратии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод оид ба баргузор намудани суҳбату мулоқотҳо бо    аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» доир ба самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар соли 2022-2023, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ,  риояи қонунҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва дигар масъалаҳои муҳим дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демокаратии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод бо иштироки Раҳимов Фурқат мудири шуъбаи кор боҷавонон ва занони Кумита  бо    аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» суҳбату мулоқот доир карда шуд.

 Қайд карда шуд, ки хизмати Ватан – Модар яке аз вазифаҳои муқаддас ва асосии ҳар як ҷавон ва сокини мамлакат ба ҳисоб рафта, ҷавононро зарур аст, ки баҳри ҳимояи марзу буми кишвар ва посдории сулҳу субот дар мамлакат ҳамеша омода бошад. Чунки ояндаи неки ин сарзамин аз ҷавонони донишманду шуҷо  вобастагии махсус дорад. Ҳамин аст, ки Ҳукумати кишвар барои таълиму тарбия ва хизмати ҷавонон дар сафи қувваҳои мусаллаҳ тамоми шароити созгорро муҳаё намудааст.