БАРГУЗОРИИ СОАТИ СИЁСӢ

Муъминобод:  

Тибқи нақша чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод ва дар доираи тадбиқи Амалёти муштарак оид ба ҳамкорӣ бо сохторҳои маориф ҷиҳати баргузории соатҳои сиёсӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасону ҷавонон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ имрӯз дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и Ҷамоати шаҳраки ноҳияи Муъминобод вобаста ба мавзӯъҳои «Тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии ҷавонон ва ҳуввияти миллӣ», бо ҷалби донишмандону  омӯзгорон ва бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод, омӯзгорони соҳибтаҷрибаву хонандагони синфҳои болоӣ соати сиёсӣ баргузор карда шуд, ки дар он масъалаҳои зикршуда мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.