Рӯзи 18-уми сентябри соли 2023 тибқи нақша-чорабини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Суҳроби Бозорали мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ноҳияв ва Раҳимов Фурқат мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод бо сокинони деҳаи Ҳанатарош вохурӣ доир намуданд.
Зимни вохурӣ бо сокинони деҳаи Ҳанатарош оид ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ва риояи қонунҳои миллӣ суҳбатҳо баргузор гардид.
Суҳроби Бозорали қайд карданд, ки имрӯз боиси нигарониаст аст, ки на ҳамаи оилаҳое, ки ташкил мегарданд, пойдор мемонанд. Сабабҳои вайрон шудани оилаҳои ҷавон хеле гуногун буда, вобаста ба вазъи ин оилаҳо пайомадҳои гуногунеро ба бор меоранд.
Дар идомаи вохӯри Раҳимов Фурқат мудири шуъбаи кор боҷавнон ва занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод баромад намуда афсуданд, ки дар пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба гуруҳои ифротиву мамнуъ ҳизбу ҳаракатҳои террористи – экстремисти, тарбияи онҳо дар руҳияи худогоҳиву худшиноси, пешгирии хурофотпарасти, таҳкими ваҳдат ва сулҳу субот дар кишварамон ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд саҳми худро гузорад ва ҳамаи мо, шаҳрвандони кишвари соҳибистиқлол барои бозҳам мустаҳкам намудани пояҳои давлатдори таҳкими сулҳу амонӣ, рушду нумуи иқтисоди миллӣ, болоравии обуруву эътибори Тоҷикистони азизамон дар арсаи байналмилалӣ иқдомҳои наҷибона ва азму талошҳои зиёде намоем.