Ҳар як халқу миллатро аз рӯйи анъанаҳои фарҳангӣ ва суннатҳои қадимааш мешиносанд. Чун ки фарҳанги мардуми муаррифгари ҳар як халқу миллат дар ҷомеаи ҷаҳони мебошад. Аслан ҳар як халқу миллатҳо аз давраҳои пайдоишашон то ба имрӯз дорои фарҳанги ба худ хосса мебошанд, ки дар тули асрҳо онро бетағйир нигоҳ медоранд. Гуфтаи бузургон низ бисёр барҳақ аст: «Агар давлатеро нест кардан хоҳед, сараввал фарҳанги миллиашро аз байн баред, баъдан он давлатро ба осонӣ ба даст меоред».
Яке аз ҷузъҳои асосии фарҳанги халқи тоҷик, ки муаррифгари давлату миллат ва зебандаи зани тоҷик аст, ин фарҳанги либоспӯшӣ махсусан ба бар кардани либоси миллӣ аз ҷумла атласу адрас ба шумор меравад.
Либоси миллии моро дар гузашта модаронамон муаррифӣ кардаанд ва то ба имрӯз ҷавонони ояндасози миллат низ онро дар тамоми гӯшаву канори олам муаррифи карда истодаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки ояндаи кишвари мо аз ҷавонон вобаста аст. Агар ҷавонони тоҷик бофарҳангу бомаърифат бошанд, оилаи солим ва насли ботарбия ба воя расонанд, Тоҷикистони мо боз ҳам зеботару ободтар мегардад.
Имрӯзҳо занону бонувони тоҷик бо муаррифи кардани фарҳанги миллӣ махсусан либосҳои миллӣ метавонад бозҳам ватани азизамонро дар тамоми гӯшаи олам аз доштани фарҳанги зебои тоҷики шинос намоянд. Бегонапарастӣ фарҳанги қадимаи моро метавонанд коста гардонанд дар чунин шароити ҳассоси ҷаҳонишавии фарҳангҳо мо бояд барои аз даст надодани фарҳанги миллати хеш ба монанди гузаштагонамон ҷоннисорӣ кунем, на ин ки фарҳанги пурқимати миллатро бо дасти хеш аз байн барем, баръакс кӯшиш намоем, ки онро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ созем, ки ин нуктаро Пешвои миллат борҳо дар баромаду вохӯриҳои хеш иброз намудаанд