ВОХӮРИ БО РАИСОНИ ТАШКИЛОТҲОИ ҲИЗБӢ

Муъминобод:  

Санаи  15-уми сентябри соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар норҳияи Муъминобод корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ аз ҷониби Суҳроби Бозорали мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ   оид ба андешидани чораҳо ҷиҳати иҷрои нақшаи Обуна – 2024 ба нашрияҳои ҳизбӣ ва даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва корбари ба он аз ҷониби раисони ташкилотҳои ҳизбӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ  гузаронида шуд.

 Суҳроби Бозорали бо мақсади ҷалб намудани сокинони ноҳия ба ҷойҳои кории  холӣ дар НБО «Роғун» дар байни раисони ташкилотҳои ҳизбӣ ва сокинони ноҳия вохӯриву корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монданд.

  

Қайд  гардид, ки вобаста ба ҷаҳони зудтағирёбанда ҳизбиёнро зарур аст, ки фаъолияти худро бозбинӣ намуда, дар муборизаҳои иттилооти баҳри ҳимояти манфиатҳои миллӣ пешқадаму фаъол бошанд, чунки имрӯз гуруҳҳои иғвоангез дар ҷомеа бисёр кушиш менамоянд, ки  авзои ҷомеаро хароб намоянд.