АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ ДАР АРАФАИ 32 СОЛЛАГИИ ИСТҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 8-уми сентябр мувофиқи нақша чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод С. Мирзобаротзода ба аёдати якқатор модарон ва собиқадорон рафтанд. Зимни аёдат модаронро ба ифтихори ҷашни пуршукуҳ табрику таҳният намуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Зимини вохӯри қайд гардид, ки зан-модар ҳамчун олиҳаи покиву саодат, ҳидоятгари некиву накӯкорӣ башумор рафта, саҳми занону бонувон дар ҳаёти иҷтимоии мамлакат назаррас мебошад.

Мирзобаротзода Салоҳиддин иброз дошт, ки имрӯз модари тоҷик баробари иҷрои рисолати аслии хеш, яъне тарбияи наслиояндасоз, инчунин, сиёсатмадору олим, омӯзгору табиб, ҳунарманду варзишгар, соҳибкори муваффақу коршинос буда, дар рушди ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, яъне барои ободии кишвар саҳми басо арзишманд дорад.