МУМФАРШКУНӢ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧИЛДУХТАРОН

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашнҳои миллӣ, хусусан таҷлил аз 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ корҳои созандагию ободонӣ аз ҷониби сокинону фаъолон дар ҳар шаҳру деҳот бомаром идома доранд.

Дар доираи ин иқдом бахшида ба 32-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ бо мақсади ҳиссагузорӣ дар пешрафту ободии диёр аз ҷониби сокинони  Ҷамоати деҳоти Чилдухтарони ноҳияи  Муъминобод роҳи асоси ҳамвор ва мумфарш  карда шуд.

Бояд тазаккур дод, ки бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ сол то сол рушд намуда, ҳар гӯшаву канори кишвари азизамон обод гашта истодааст. Ноҳияи Муъминобод низ дар тӯли 32-соли Истиқлоли давлатӣ ба як қатор дастовардҳои бузург ноил гашт, ки саҳми сокинони ноҳия низ дар ин ҳама ободӣ ва пешравиҳо назаррас арзёбӣ карда мешавад.