ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ ДОНИШ ДАР НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳамасола 1-уми сентябр ҳамчун Рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар саросари ҷумҳурӣ ва муассисаҳои таълимӣ таҷлил карда мешавад. Дар ин санаи муборак занги аввал аз оғози соли таҳсил дарак дода, хонандагону донишҷӯёнро ба роҳи омӯзиши илм даъват менамояд.

Ҳамчунин, дар ин рӯзи фархунда Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи наку бо кормандону фаъолони аҳли маорифи пойтахт мулоқот намуда, суханронӣ карданд.

Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи устодону донишҷӯёни пойтахт ва аҳли маорифи кишварро бо фарорасии соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш, ки бо дарси сулҳ оғоз мегардад, самимона табрику таҳният гуфтанд.

Аз ҷониби Пешвои миллат таъкид гардид, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо 1-уми сентябр ҳамчун санаи гиромидошти илму дониш ва маърифату маънавиёт таҷлил мегардад, ки гувоҳи равшани таваҷҷуҳи доимӣ ва хоссаи Ҳукумати мамлакат ба соҳаи илму маориф мебошад. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат ба хотири рушди илму маориф тамоми захираву имкониятҳоро равона кардааст ва ин тадбир минбаъд низ бомаром идома меёбад.

Ба андешаи Президенти мамлакат ояндаи миллат ва фардои давлат ба наслҳои ватандӯсту ватанпараст, бонангу номус, дорои ҳисси баланди миллӣ, соҳибмаърифату донишманд, забондон, дорои ҷаҳонбинии васеъ, меъморону муҳандисон, ихтироъкорону навоварон, дигар ихтисосҳои замонавӣ ва касбу ҳунарҳои муосир вобастагии мустақим дорад.

Дар ноҳияи Муъминобод низ кормандони соҳаи маориф, хонандагону сокинон ин баромади пурмуҳтавои Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастаҷаъмона тамошо намуда, дастуру ҳидоятҳои Президенти кишварро баҳри тадбиқ намудан дар роҳи таълиму тарбияи насли наврас сармашқи кори хеш қарор доданд.