ВОХӮРӢ БО ЗИРОАТКОРОН

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 18-уми соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  оид ба самарнок истифода бурдани қитъаи замин  дар байни зироаткорон ва деҳқонон гузаронида шуд.

Сайрамби Ҷалилова дар давоми суҳбат таъкид намуданд, ки вобаста ба муносибатҳои иқтисодии зудтағирёбанда ҳар яки моро мебояд, ки муносибатро ҷиддитар намуда, заминҳои зироатиро самаранок истифода барем.

Қайд  гардид, ки вобаста ба ҷаҳони зудтағирёбанда ҳизбиёнро зарур аст, ки фаъолияти худро бозбинӣ намуда, дар муборизаҳои иттилоотӣ баҳри ҳимояти манфиатҳои милли пешқадаму фаъол бошанд, чунки имрӯз гурӯҳҳои иғвоангез дар ҷомеа бисё кӯшиш менамоянд, ки  авзои ҷомеаро хароб намоянд.