АЪЗОИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН БУДАН БАРОЯМ ИФТИХОР АСТ

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Қайд кардан бамаврид аст, ки имрӯз сафи аъзои  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҳисоби ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар меафзояд, чунки ин ниҳоди сиёсӣ  ҳамеша бо мардум аст ва ҳидояткунандаи ҷавонон дар роҳи худшиносӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ мебошад.    

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз давраи фаъолият то ин ҷониб дар байни аҳолӣ нуфуз ва мартабаи худро пайдо карда, аъзо ва ҷонибдорони он аз миёни ҷавонон сол то сол дар ҳоли афзоиш қарор дорад, ки ин аз боз ҳам баланд шудани мартабаи ҳизби ҲХДТ дар ҷомеа шаҳодат медиҳад.

Дар воқеъ, барои ҳар як ҷавони кишвар узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон будан, боиси ифтихор ва сарфарозӣ аст. Ҳамин аст, ки имрӯзҳо ҷавонони зиёд ба таври ихтиёрӣ ва ба хоҳиши худ ба сафи ҳизб дохил мешаванд. Дар доираи ин иқдом, як тан аз ҷавонони фаъоли ноҳия ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод муроҷиат карда, бо хоҳиши худ ба сафи ҲХДТ шомил гардид ва аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия ба ӯ шаҳодатномаи ҳизбӣ бо тантана супорида шуд.