ДАСТРАСИИ НАФАҚАИ ҲИЗБӢ БА МАЪЮБОН

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои расонидани кумаки молиявӣ ба маъюбони гурӯҳҳои якум, шахсони ниёзманд ва оилаҳои камбизоат нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Дар доираи ин иқдом масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод ба дидорбинии маъюби гурӯҳи 1-уми оилаи Шарифзодаҳо, сокини деҳаи Яккачинори ҷамоати деҳоти Боғгаии ноҳияи Муъминобод рафта, ба онҳо нафақаи ҳизбиро дар ҳаҷми 500 сомонӣ дастрас намуданд.

Намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод  Каримова Миҷгона зимни суҳбат бо волидайни маъюбон қайд намуданд, ки Ҳукумати кишвар ва Президенти мамлакат дастгирии маъюбон ва оилаҳои ниёзмандро дар мадди аввал қарор дода, пайваста аз ҳолу аҳволи ин қишри ҷомеа хабардор мешаванд ва ҳамеша таъкид менамоянд, ки ба чуни шахсон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шавад.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод низ ҳамеша дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҳукуматро сармашқи кори хеш қарор дода, пайваста аз ҳолу аҳволи шахсони ниёзманд ва маъюбони ноҳия хабардор шуда, кӯшиш менамоянд, ки ба ин гуна шахсон кумаки ҳамешагӣ расонанд.

Маврид ба зикр аст, ки минбаъд ин иқдом аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод дар охири ҳар моҳ роҳандозӣ шуда, ба ду нафар аз чунин шахсони ниёзманд кумакҳои пулӣ расонида хоҳад шуд.