АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ «КУЧАИ И. СОМОНИ» ШАНБЕГИ ДОИР НАМУДАНД

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Рӯзи 3-уми июли соли ҷорӣ аъзои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Кучаи И. Сомони”  бо мақсади тозаю  озода  нигоҳ доштани назди биноҳои худ шанбеги доир намуданд

Дар шанбеги аъзои ташкилот атрофи коргоҳи худро аз ҳар гуна алафҳои бегона, хазонбаргҳо ва дигар партовҳо тоза намуда, ба ин васила саҳми худро дар сарсабзу хуррамгардони, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити гирду атроф ва тоза нумдани назди бини худ гузоштанд.

   Аъзои  ташкилоти ибтидоии “Кучаи И. Сомони”  бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи комил баҳри ободию тозагии муҳити атроф ба ҳашарҳои дастаҷамъона баромада, барои ободии диёри хеш саҳми арзанда гузошта истодаанд.