ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №2-И НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД ТАЪМИРИ ҶОРӢ РАФТА ИСТОДААСТ.

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Мақсад  аз ин корҳои ободони  таъмин намудани шароити  мусоид дар муассисаҳо,  барои таълиму тарбияи насли наврас  мебошад. Зикр кардан бамаврид аст, ки дар вақти муайяншуда тамоми синфхонаҳо ва дар умум муассисаи таълимӣ мутобиқ ба талабот аз таъмири ҷорӣ бароварда мешавад.

          Пешвои миллат дар Паёмҳои хеш аз хусуси таълиму тарбияи насли бомаърифату соҳибҳунар ва ба анъанаҳои неки гузаштагон сазовору содиқ, ба меъёрҳои ҷаҳонӣ наздик гардондани низоми таълим низ таъкид ба амал меоваранд.