ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ ТИ «ҶАМОАТИ ШАҲРАК» ДАР ҲАШАРҲОИ ДАСТАҶАМЪОНА

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Сокинону ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати кишвар ва Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон ва нақша – чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод ҷиҳати дар сатҳи олӣ таҷлил намуданӣ ҷашнҳои миллӣ, хусусан, Рӯзи «Ваҳдати миллӣ», инчунин, барои тоза кардани роҳу кӯчаҳо, соҳили дарёҳо, хиёбону гулгаштҳо, ҷойҳои ҷаъмиятӣ ва пешгирии офатҳои табиӣ омодагӣ дида, аз ҷониби кормандони ташкилоту муассисаҳо, сокинони ноҳия ва хонандагони синфҳои болоӣ ҳашарҳои умуминоҳиявӣ ва корҳои ободонӣ идома доранд.

Дар доираи ин иқдом бо иштироки кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҷамоати шаҳрак» - и ноҳияи Муъминобод дар назди ташкилот ҳашари дастаҷамъона доир карда шуда, аъзою ҷонибдорони ташкилот фаъолона дар корҳои ободонӣ иштирок намуданд.