ҲАШАРҲОИ ДАСТАҶМЪОНА БАХШИДА БА ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Сокинону ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод дар асоси нақша – чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод ҷиҳати дар сатҳи олӣ таҷлил намуданӣ ҷашнҳои миллӣ, хусусан, Рӯзи «Ваҳдати миллӣ», инчунин барои тоза кардани роҳу кӯчаҳо, соҳили дарёҳо, хиёбону гулгаштҳо, ҷойҳои ҷаъмиятӣ омодагӣ дида, аз ҷониби кормандони ташкилоту муассисаҳо, сокинони ноҳия ва хонандагони синфҳои болоӣ ҳашарҳои умуминоҳиявӣ доир намуданд.

Дар доираи ин иқдом ҳамарӯза аз ҷониби кормандони ташкилотҳои ибтидоии ҳизб ва сокинони ноҳия дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Муъминобод ва назди корхонаю муассисаҳо ҳашарҳоии дастаҷамъона доир карда мешавад, ки дар рафти он дохили боғу гулгаштҳо, хиёбонҳои марказии ноҳия ва соҳили дарёҳо аз алафу буттаҳои бегона тоза ва нарм карда мешаванд.

Дар доираи ин иқдом дирӯз бо ҳузури сокинони ҷамоати шаҳрак дар хиёбониҳои ҳудуди ҷамоат бо ҳузури сокинони маҳал ҳашари дастаҷамъона доир карда шуд, ки дар рафти он кӯчаҳои марказии ноҳия рангубор ва соҳили дарёҳо тозаву озода гардонида шуданд.

Лозим ба зикр аст, ки ин гуна ҳашарҳои умуминоҳиявӣ дар дигар ҷамоату деҳоти ноҳия бахшида ба пешвози «Ваҳдати миллӣ» бомаром идома хоҳад дошт.