ДАСТРАСИИ НАФАҚАИ ҲИЗБӢ БА НИЁЗМАНДОН

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои расонидани кумаки молиявӣ ба маъюбони гурӯҳҳои якум, шахсони ниёзманд ва оилаҳои камбизоат нафақаи ҳизбӣ муқаррар карда шудааст.

Дар доираи ин иқдом масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод бо иштироки мовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҷалилова Сайрамбӣ ба дидорбинии маъюби гурӯҳи 1-ум,  сокини кӯчаи А. Давлатови Ҷамоати шаҳраки Муъминобод рафта, ба ӯ нафақаи ҳизбиро дастрас намуданд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод низ ҳамеша дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҳукуматро сармашқи кори хеш қарор дода, пайваста аз ҳолу аҳволи шахсони низманд ва маъюби ноҳия хабардор шуда, кӯшиш менамоянд, ки ба ин гуна шахсон кумаки ҳамешагӣ расонанд.

Маврид ба зикр аст, ки минбаъд ин иқдом аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод дар охири ҳар моҳ роҳандозӣ шуда ба ду нафар аз чунин шахсони ниёзманд кумакҳои пулӣ расонида хоҳад шуд.