ҲАШАРҲОИ ДАСТАҶАМЪОНА БА МУНОСИБАТИ ОМОДАГИҲО БА ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод сокинону ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод дар асоси нақша – чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод ҷиҳати дар сатҳи олӣ таҷлил намуданӣ ҷашнҳои миллӣ, хусусан, рӯзи «Ваҳдати миллӣ» инчунин барои тоза кардани роҳу кӯчаҳо, соҳили дарёҳо, хиёбону гулгаштҳо, ҷойҳои ҷаъмиятӣ омодагӣ дида, аз ҷониби кормандони ташкилоту муассисаҳо, сокинони ноҳия ва хонандагони синфҳои болоӣ ҳашарҳои умуминоҳиявӣ доир намуданд.

Дар доираи ин иқдом бо иштироки кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати шаҳраки Муъминобод ва муассисаҳои таълимии ҳудуди он  дар маркази ноҳия  ҳашари дастаҷамъона доир карда шуд. Дар рафти корҳои ободонӣ маркази ноҳия ва назди ташкилоту муассисаҳо тозаю озода карда шуда, боин васила кӯшиш менамоянд, ки дар ободии маҳал саҳмгузор бошем ва Рӯзи Ваҳдати миллиро дар фазои идона истиқбол гирем.