ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОН

Муъминобод:  

Дар майдони Исмоили Сомонии ноҳияи Муъминобод бахшида ба Рӯзи Ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси ноҳия, муҳтарам Шарифзода Лутфия Шариф ва варзишгарону ҷавонон ва сокинони ноҳия чорабинии идона доир карда шуд.

Сараввал раиси ноҳияи Муъминобод кулли ҷавонон ва сокинони ноҳияро ба ин санаи муборак табрик намуда, иброз карданд, ки ирӯз ҷавонон дар пешрафду ободӣ ва муаррифии ватани азизамон дар арсаи байналмилал нақши арзанда гузошта истодаанд. Аз ин рӯ, Президенти кишвар ва Ҳукумати мамлакат кӯшиш намуда истодаанд, ки  барои кору таҳсили ҷавонон тамоми шароити муносибро фароҳам сохта, кадрҳои ҷавонро бештар ба корҳои давлатӣ ҷалб намоянд. Чунки маҳз ҷавонон метавонанд, ки идомабахши пешрафту ободии ин сарзамин бошад. Бо ин мақсад, онҳоро зарур аст, ки аз имконоту шароити фароҳамовардаи Ҳукумати кишвар ва Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самаранок истифода бурда, кӯшиш намоянд, ки илму дониш, таълиму тарбия, ақлу заковати комил ва техникаву технологияи замони муосирро ба хубӣ аз худ намояд. То тавонанд, ки дар паҳлуи Сарвари давлат баҳри ободиву пешрафти ин ватани муқаддаст саҳми босазои хешро гузоранд.

Инчунин, дар чорабинии мазкур ҳунармандони шинохтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумини Бозор ва бахши фарҳанги ноҳияи Муъминобод иштирок намуда, бо сурудҳои ватандӯстона хотири сокинонро шод  гардониданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод ва бахши кор бо ҷавонон дар ноҳия ба як қатор варзишгарону фаъолон Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.