МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОН

Муъминобод: Созандагони ватан  

Дар асоси нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод ва намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод миёни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷамоати деҳоти Нуралишо Назаров мусобиқаи волейбол баргузор карда шуд.

Дар оғози мусобиқаи мазкур роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» Раҳимов Фурқат иштирок намуда, иброз доштанд, ки ҷавонон имрӯзу ояндаи дурахшони ватани азизамон - Тоҷикистон ба ҳисоб рафта аз ҷониб Ҳукумати кишвар ва дигар сорхторҳои дахлдор ҳамаҷониба дастгирӣ меёбанд.

Маҳз заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон аст, ки сол то сол ҷиҳати омавигардонии варзиш ва фароҳам овардани шароити мусоид баҳри рушди варзиши мамлакат дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ толору майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода мешаванд. Аз ин рӯ, ҷавонони кишварро зарур аст, ки аз ин шароити мусоид самаранок истифода бурда, кӯшиш намояд, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ парчамбардори Ватан бошанд.

Дар фарҷоми мусобиқа ғолибон ва фаъолон ба Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои омоданамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод қадрдонӣ карда шуданд.