ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ - ИФТИХОРИ МИЛЛАТ АСТ!

Муъминобод: Андеша  

Аз гузашта то ба имрӯз  зани тоҷик на ба шумули афроди тақлидкор ва бегонапараст, балки муҳофиз аз фарҳангу тамаддун ва номуси худ ҳамчун Гурдофарид достони бебаҳс гаштааст. Имрӯз низ мо бояд пеш аз ҳама симои миллати худро бо либоси хоси сирф тоҷикона ва бо чеҳраи дурахшон чу офтоби тоҷикона тасвир намоем.

Албатта дили бузурги бонуи ноҳияи Муъминобод намегузорад ва нагузоштааст, ки бегонагон фарҳанги миллии худро дар шакли либоспӯши ҷорӣ намоянд, агарчи шумораи ками бегонапарастон  дар либоси аврупоию шарқӣ, дар ноҳияи Муъминобод  аҳён-аҳён дида мешавад ба ин ашхос мубориза бурда, бо ёдоварӣ аз гузаштагони худ онҳоро ба асли  хеш бармегардонад.

Пешвои миллат дар ҳар як баромад ва вохӯрии хеш масъалаи мавқеи хоса пайдо намудани зан-модари тоҷикро таъкид менамояд ва ин табақаи тарбияи дурусти фарзандонро  маҳз ба онҳо рабт медонад.

Арҷ нагузоштан ба ҳунар ва тамаддуну  таърихи худ беиззатӣ ва беҳурматӣ нисбати фарҳангу миллат аст. Мо бояд ба пасояндагон инро ба нишон гузорем, тавре гузаштагони мо ин намуди либосро ба насли имрӯза оварда расонидаанд .

Набояд фаромуш кард, ки қарор гирифтан зери таъсири фарҳанги бегона оқибатҳои нохӯш меорад.

Имрӯз вақти он расидааст, ки мо дар ҳама ҳолат вориси арзандаи ин миллату сарзамин, тарғибгари анъанаҳои неки ниёгон, пуштибони сиёсати давлату ҳукумат ва Роҳбари он бошем.

Мо бояд насли калону ҷавонӣ ҷомеа аз ин гуна тақлидкориҳо паҳрезкор бошем ва бо бар намудани чунин либосҳо, ки аксар ҷавондухтарону занон ба он фирефта шудаанду худро гӯрӯҳи пешрафтаю муосири ҷомеа меҳисобанд, ки ин мутлақо ғалат аст, корҳои фаҳмондадиҳиро пурзур намоем, зеро ҳар нафаре, ки чунин либос ба бар доранд ҳамагӣ боре андеша аз модари хеш кунанд, ҳамон пероҳани миллӣ ва бо докаи сафеди модарона муҳаббаташон дар дилҳо  нақш бастааст ва фарзандонеро тарбия ва камол расонидаанд, ки имрӯз аз фарҳангу тамаддуни волои ин миллат дар арсаи байналмиллалӣ  тоҷикона  суханронӣ намуда, дифо аз миллату сарзамини аҷдодӣ менамояд.

Бархе духтарон бо пушидани либоси бегона ҳамчун навгонӣ дар ҷомеа ифтихор менамоянд, аммо  ин табақа  аз ҳуввияти миллӣ, аз фарҳанги миллӣ ва асолати худ фаромуш карданд. Дар баъзе мавридҳо таъсири падарону бародарон ва шавҳарҳо низ бештар аст ва ин қишри ҷомеа  ба умқи асолати миллии худ нарафта, аз либоси модарони худ фаромуш карда, боиффатиро дар сатру ҳиҷоб ва тақлиди либоси бегона мебинанд.

Мусалмонӣ на дар зоҳир, яъне худнамои, балки дар дилу нияти тоза, андешаи солим, виҷдони пок ва оғози амале, ки аз муҳаббат ва садоқат маншаъ мегардад, иборат аст ба ибораи халқ забону дил бояд як бошад.

Дар кишваре, ки ғоя ва арзиши асли миллӣ на танҳо тарғиб, балки дар фарорӯи бархурдорҳои  манфиатҳои башарӣ дар сатҳи баланд дифоъ мегарданд, мардум дар ниҳояти  соҳибмаърифатӣ маданияту фарҳанг, расму оин ва анъанаҳои хешро гиромӣ медоранд, ҳеҷ гоҳ ба тақлиду тақлидкорӣ ё ташаккули андешаҳои ифротӣ роҳ нахоҳанд дод. Ободии кишвар ва осудагии ҷомеа  аз сулҳдӯстӣ , ёриву бародарист, на аз хурофотпарастиву таассуб. Ин падидаҳои номатлуб миллату давлатро на ба инкишофи устувор, балки ба таназзули инҳисор мувоҷеҳ мегардонад.

Фурсате расидааст, ки шуруъ аз хона, кӯдакистонҳо, муассисаҳои олию миёна ба пушидани либосҳои фарзандон таваҷҷуҳ намоем ва нагузорем, ки  фарзандони мо либоси бегонаро ба бар намоянду тарғибгари фаранги бегона шаванд.

Дар шароите, ки Тоҷикистон нуфузи худро дар ҷаҳон нигоҳ медорад  ба бонувону модарони азиз  муроҷиат менамоем, ки тарғибгари аслии  фарҳанги миллӣ бошанду ифтихор аз либоси миллии хеш намоянд, чунки либос зиннати инсон ва қисме аз таммадуни гузаштагони мо  мансуб ёфта, мо насли имрӯз вазифадорем, ки ба ояндагон ин арзиши волоро боқӣ гузорем.

    

       Салоҳиддин Мирзобаротзода,

  раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод