САНГФАРШКУНИИ МАҲАЛ АЗ ҶОНИБИ СОКИНОН

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақша – чорабиниҳо бахшида ба 35-уми солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию ободонӣ аз ҷониби сокинону фаъолон дар ҳар шаҳру деҳот бо маром идома дорад.

Дар доираи ин иқдом бахшида бо мақсади ҳиссагузорӣ дар пешрафту ободии диёр аз ҷониби аъзою кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва сокинони Деҳаи Кулчашмаи Ҷамоати деҳоти Нуралишо Назарови ноҳияи Муъминобод ва дастигирию роҳнамоиҳои бевоситаи раиси ноҳия, муҳтарам Шарифзода Лутфия Шариф 1,5 км роҳи деҳаи мазкур ҳамвор ва сангфарш карда шуд.

Бояд тазаккур дод, ки сокинони ноҳияи Муъминобод бо шукргузорӣ аз истиқлолу озодӣ ҳамеша кӯшиш менамоянд, ки дар ободиву пешрафти ноҳия саҳмгузор бошанд, то ба ин васила тавонанд, ки дар рушду нумуи як гӯшаи кишвари азизамон нақши арзандаи хешро гузошта бошанд.