ДАСТРАСИИ НАФАҚАИ ҲИЗБӢ БА МАЪЮБОН

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои расонидани кумаки молиявӣ ба маъюбони гурӯҳҳои якум, шахсони ниёзманд ва оилаҳои камбизоат нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Дар доираи ин иқдом масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод бо иштироки узви Раёсати кумита, раиси ноҳия муҳтарам Шарифзода Лутфия Шариф ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Мирзобаротзода Салоҳиддин ба дидорбинии маъюби гурӯҳи 1-уми оилаи сокини кӯчаи А. Давлатови Ҷамоати шаҳраки Муъминобод рафта, ба ӯ нафақаи ҳизбиро дар ҳаҷми 500 сомонӣ дастрас намуданд.

Раиси ноҳияи Муъминобод, муҳтарам Шарифзода Лутфия Шариф зимни суҳбати самимӣ бо волидайни маъюб иброз намуданд, ки шумо ҳеҷ гоҳ ғамгин нашавед, чунки Ҳукумати кишвар ва Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар канори шумо аст ва дар ҳама ҳолат кӯшиш меварзанд, ки аз ҳолу аҳволи шумо хабардор бошанд. Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки мудом аз шароиту зиндагии ин гуна қишри ҷомеа хабардор бошед, нагузоред, ки онҳо ночорӣ ва танҳоиро эҳсос намоянд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ низ ҳамеша дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии кишварро сармашқи кори хеш қарор дода, пайваста аз ҳолу аҳволи шахсони ниёзманд ва маъюбони ноҳия хабардор шуда, кӯшиш менамоянд, ки ба ин гуна шахсон кумаки ҳамешагӣ расонанд.