БАРГУЗОРИИ ТАШАББУСИ ҲИЗБӢ ДАР МУАССИСАҲОИИ ТАЪЛИМӢ

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, ҳар шанбеи охири моҳ ҷаҳати татбиқи Амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ  баргузор карда мешавад.

Ин ташаббус ба хотири дастгирии соҳаи маориф ва муассисаҳои таълимӣ баргузор  карда  мешавад.

Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод 28-уми январи соли оли ҷорӣ дар аксари муассисаҳои таълимии ноҳия Амалиёти ҳизбии  "Мактаби ман" ва соатҳои сиёсӣ баргузор карда шуд.

Дар ин чорабинии ҳизбӣ хатмкардагони собиқи муассисаҳои таълимӣ, фаъолон ва шахсони саховатпеша ҷалб гардида дар таъмиру азнавсозии мактабҳо саҳми худро мегузоранд.

Ин ташаббус аз тарафи сокинон ҷонибдорӣ гардида, дар баробари хатмкунандагон падару модари хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар таъмири ҷории мактабҳо ва таъмини онҳо бо мизу курсӣ ёрии амалии худро расониданд.