АКСИЯИ ҲИЗБӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Парчамат бодо парафшон, эй Ватан!” баргузор карда шуд. Дар аксияи мазкур кормандони Кумитаи иҷроия ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” кулли сокинони ноҳияи Муъминободро бо Рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуда, иброз карданд, ки таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар саросари кишвар ин нишонаи сулҳу суботу оромӣ ва пойдории истиқлолу озодӣ буда, нишонаи арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб меравад.

Дар рафти аксияи мазкур кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод дар кӯчаҳои марказии ноҳия гардиш намуда, ба сокинон Парчами давлатӣ ва тақвим бо аксҳои Президентро тақдим намуданд.