АМАЛЁТИ МУШТАРАК ОИД БА ҲАМКОРӣ БО СОХТОРҲОИ МАОРИФ

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақша – чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод ва дар доираи тадбиқи Амалиёти муштарак оид ба ҳамкорӣ бо сохторҳои маориф ҷиҳати баргузории «Соатҳои сиёсӣ» дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасону ҷавонон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ имрӯз дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и Ҷамоати деҳоти Нуралишо Назарови ноҳияи  Муъминобод бо ҷалби донишмандону  омӯзгорон ва бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод, намояндаи шуъбаи маорифи ноҳия, омӯзгорони соҳибтаҷрибаву хонандагони синфҳои болоӣ соати сиёсӣ баргузор карда шуд.

Дар "Соати сиёсӣ" масъалаҳои "Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон", "Тарбияи ҳарбӣ - ватандӯстии ҷавонон ва аҳамиятнокии Роҳнамо барои ҷалби сарбозони ихтиёрӣ" ва нақши 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатдории навини тоҷикон" мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуд.