АКСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ “АЛБОМ - ЭСТАФЕТА” ДАР НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

19-уми октябри соли ҷорӣ дар ноҳияи Муъминобод Аксияи ҷумҳуриявии “Албом-Эстафета” таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур ду нафар иштирокчиёни Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Адолат Раҳмонова ва Рафиқа Мусоева, ҳамзамон муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҳусейнзода Наврӯз, раиси ноҳияи Муъминобод Шарифзода Лутфия Шариф, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Мирзобаротзода Салоҳиддин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Шарифзода Гулхухсор ва ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Раҳмон Дилшод иштирок намуданд.

Меҳмононро дар фазои гарму самимӣ бо шеъру сурудҳои ватандӯстона аҳли фарҳанги ноҳия истиқбол гирифта, пеш аз оғози ҳамоиши ҳизбӣ дар назди даромадгоҳи Қасри фарҳанги ноҳия намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуд. Дар намоишгоҳ ҳунарҳои дастии занону бонувон, маҳсули дастони чӯбкорони ноҳия ва дастовардҳои варзишгарон ба маърази тамошо гузошта шуданд. Меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ дидан карда, ба ҳунару маҳорати ҳунармандон ва варзишгарони ноҳия баҳои баланд доданд.

Инчунин, дар Қасри фарҳанги ноҳияи Муъминобод бо иштироки меҳмонон ва сокинони ноҳия ҳамоиши сатҳи баланд доир гардид, ки дар он доир ба таъриху нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани эҳсоси худшиносиву худогоҳии ҷавонон изҳори андеша карданд.

Қайд карда шуд, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории тоҷикон ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ нақши муассир бозида, ин иҷлосия боис гашт, ки мо марҳила ба марҳила аз вартаи нестӣ наҷот ёфта, ба сулҳу суботу оромӣ ва ваҳдату ягонагӣ даст ёбем.

Ҳамзамон, гуфта шуд, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона василаест, ки мардуми тоҷикро аз ноумедӣ ва парокандагӣ наҷот дода, сарчашмаи сулҳу ягонагӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид ва фарзанди ватандӯсти асили миллат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмонро ба арсаи сиёсат овард, ки тақдири мибаъдаи Тоҷикисторо ба сӯйи оромию осудагӣ ва сулҳу ягонагӣ равона сохт.

Инчунин, дар охири чорабинӣ аз ҷониби меҳмонон ба ҷавонон ва аъзои нави ҳизб шаҳодатномаҳои ҳизбӣ бо тантана супорида шуд.