ШАНБЕГӢ ДАР НАЗДИ БИНОИ КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демокаратии Тоҷикистон дар асоси Барқияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми октябри соли 2022, №24/10-54 тамоми кормандони ташкилоту муассисаҳи ҳизбиро вазифадор менамояд, ки то охири соли 2022 ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе бо иштироки ҳамаи кормандон ва ташкилотҳои ҳизбӣ ҳашар ташкил намуда, корҳои тоза кардани роҳу кӯчаҳо, соҳили дарёҳо, хиёбону боғу гулгаштҳо ва ҷойҳои ҷамъиятиро ба роҳ монда, дар ободиву тозагии муҳити ташкилоту корхона, иншоотҳои маҳаллаю деҳаҳои шаҳру ноҳияи худ саҳми хешро гузоранд.

Дар доираи ин ташаббус кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод рӯзи шанбе дар назди бинои кумита шанбегӣ баргузор намуда, гирду атрофии корхонаро аз алафу буттаҳои хушкида тоза намуданд.

Лозим ба зикр аст, ки ин гуна корҳои ободонӣ ва созанндагӣ аз ҷониби кормандони дигар ташкилоту муассисаҳо низ иташкил ва баргузор карда шуд.