АКСИЯИ ҲИЗБӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Левакант:  

Бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ваҳдат кормандони ҳизбӣ Аксияи иттиилотӣ таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ва моҳияти таърихӣ доштани он”-ро роҳандозӣ намуданд.

Дар аксияи мазкур кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ба беш аз 200 нафар сокинони шаҳр варақаҳои тарғиботӣ тақсим намуданд.

Инчунин зимни мулоқот бо сокинон масъулини ҳизбӣ ҳамаи иштирокдорони аксияро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуда, иброз намуданд, ки ин тинҷиву оромие, ки дар ҳар як хонадон ҳукмфармост, ба осонӣ ба даст наомадааст. Барои барқарор намудани сулҳу субот дар кишвари азизамон нақши Пешвои маҳбубамон бениҳоят зиёд аст. Бояд ҳамаи сокинони кишвар барои нигоҳ доштани ин неъмати бебаҳо ҷаҳду талош намоянду баҳри таҳкими Ваҳдати миллӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, дар пешрафту шукуфоии ин меҳан саҳм гузоранд.