ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ИДОМАИ ҲАЁТИ ОСОИШТАИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Левакант: Андеша  

Ҳамсафони азиз.

АНДЕША: Воқеанҳам солҳои охир дар кишварҳои рӯи дунё рухдода ва пайвастани бархе аз ҷавонони тоҷик ба ин низоъҳо аз мушкилотест, ки метавон гуфт ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳониро фаро гирифтааст. Дар ҳамсоя давлатҳои мо Афғонистон, Қирғизистон ва Руссия ҷангу ҷидолҳои беохир сар зада истодааст, ки сарчашмаи он тероризм  маҳсуб меёбад. Натанҳо худи ҷавонон ба ин кишварҳо раҳсипор шуданд, ҳатто қисме зану фарзандони худро ҳам баъдан даъват намуда, ба он ҷо бурда тавонистанд. Ва ин мушкилот-ифротгароӣ ва тафриқаандозӣ, зуҳуроти номатлубу хатарзоест, ки натанҳо барои Тоҷикистон, балки ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хавфи ҷиддӣ дорад. Саркардагони ин гуна ташкилот баҳри ба ҳадафҳои худ расидан дар аксар маврид ба эътиқоди динии афроди гуногун, ба хусус ҷавонон таъсир расонида, онҳоро мехоҳанд бовар созанд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост.

 Хамин тавр мехоҳанд дини мубини исломро баҳри ба ҳадафҳои нопоки худ расидан, истифода баранд ва маҳз ҳамин амали онҳо тавонист, бархе аз ҷавонони тоҷикро гумроҳу аз ватан беватан намоянд. Боиси фавти бемаҳали як қисми онҳо дар мулкҳои бегона гашта, як умр доғ дар дили наздикону пайвандон гузорад.

Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақсаду ниятҳои ифротгароёнро хуб дарк намуда, борҳо ба ин масъала, ҳатто аз минбарҳои баланд ишора намудааст: «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».

Мавриди зикр аст, ки ташкили ҷанги таҳмили шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон маҳз нақшаҳои харобкоронаи роҳбарият ва аъзои ТТЭ ҲНИ буд. Азоёни ин ҳизб дар он солҳо бо кумаки хоҷагони худ мардуми бегуноҳ, бахусус чеҳраҳои саршиносро ба қатл расонда, миллатро пароканда ва давлатро қариб ба нестӣ бурда буданд. Аз камдонишиву аз камфахмишии динии ҷавонон истифода бурда онҳоро гумроҳ намуда ба зидди давлату ҳукумати қонунӣ бархезониданд, ки дар натиҷа дар ҷангҳои шаҳрвандии Тоҷикистон 150 ҳазор нафар мардуми бегуноҳ хусусан ҷавонон қурбони ин дассисаҳо гашта зиёда аз 1 миллион аҳолӣ ҳамчун гуреза аз Тоҷикистон фирорӣ гаштанд.

Намояндагони гурӯҳҳои ифротӣ дар навбати аввал бо нафароне, ки таҷрибаи кофии рӯзгор надоранд, донишҳои дунявӣ ва диниашон дар сатҳи паст буда дар зиндагӣ бо мушкилоте чун қашшоқӣ, бекорӣ, муҳоҷират дучор шудаанд, думболагирӣ мекунанд.

Ба хотири пешгирии насли наврас ва ҷавонон аз чунин омилҳои номатлуб, яъне ифротгароию тафриқаандозӣ мо ҳизбиёнро лозим аст, ки корҳои тарбиявӣ вохуриву суҳбатҳо ва корҳои фаҳмондадиҳиро дар муҳити оила, дар муассисаҳои таълимӣ ҳангоми баргузории соатҳои сиёсӣ умуман дар ҷомеа бозҳам ҷиддӣ ва дучанд ба роҳ монда шавад. Ҳамаи аъзои фаъоли ҳизб дар ин кори басо муҳим, ки ояндаи фарзандони тоҷик аз ин вобастагӣ дорад саҳмгузор бошем. То ин ки фазои тинҷу ороми кишвар дубора вайрону ноором нагардад. Ба қадри ин неъмати Худодод, яъне Ваҳдати миллӣ бирасем ва онро хифз намоем.

         Аъзоёни саодатманди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баҳри дар арсаи ҷаҳони ҳамчун кишвари амну ором барои дигар давлатҳо муаррифи шудани Тоҷикистон аз тарафи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кушишҳоро ба харҷ диҳем то Ваҳдати миллӣ ҳамчун офтоб моро нурафшони намояд.

Олимзода Н- Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант