ИДОМАИ МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

Левакант:  

 Имрӯз дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии деҳаҳои “Зағертут” ва “Меҳробод”-и ҷамоати деҳоти Ваҳдат маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.

Дар маҷлиси мазкур намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант, намояндаи Ҷамоати деҳоти Ваҳдат ва раисони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Ҳабибов Карим ва Тураев Ҳусейн иштирок намуданд.

Саравал раисони ташкилотҳои ибтиоии ҳизбии “Зағертут” ва “Меҳробод” Ҳабибов Карим ва Тураев Ҳусейн ҳисобот дода қайд намуданд, кишунида шуда аз рӯи масъалаҳои мазкур қарорҳои лозима қабул карда шуд.

Тибқи муқаррарот Раисони ташкилотҳо аз нав интихоб гардида, бо тарафдории аксари аъзоён Раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии деҳаҳои “Зағертут” ва “Меҳробод” Ҳабибов Карим ва Тураев Ҳусейн аз нав интихоб карда шуд.

Дар охир намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант баромад намуда, вобаста ба тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, бунёди синфхонаҳои иловагӣ ва саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ бо сокинон суҳбат намуд.