Дар маҷлисгоҳи ташкилоти ибтидоии ҳизбии МДТ “ЛКСК”- и шаҳри Левакант бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант, Директори мудирон ва кормандони Кумита иштирок намуданд.
Мизи мудавварро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Олимзода Низора ифтитоҳ намуд. Зимни суханронӣ раиси Кумитаи иҷроия қайд намуд, ки 27 июни соли 1997 дар таърихи нави давлати ҷавони Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин дарҷ гардидааст ва таърихи мазкур барои мардуми Тоҷикистон, чун рӯзи ваҳдат, оштии миллӣ ва истиқрори ваҳдати миллати куҳани тоҷик, то абад санаи муборак ва тақдирсоз хоҳад монд. Ваҳдати миллӣ дар ҳақиқат мероси бузӯрг ва муқаддас мебошад, ки аз он пешрафт, тамоми дастовардҳои кишвар ва ҳаёти хуши халқи тоҷик сарчашма мегирад.
Аз ҷониби Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант инчунин нақши таърихан муҳими Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои миллат дар истиқрори давлатдории миллӣ, барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ ва инчунин таъмини зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон таъкид гардид.
Дар мизи мудаввар инчунин дигар иштирокдорон низ ибрози ақида карданд.
Дар фарҷоми мизи мудаввар Давлатова Бибимаҳбуба Директори МДТ “ЛКСК”-и шаҳри Левакант ба ҳамаи ҳозирин ва дар маҷмӯъ ба мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу салоҳ орзу кард.