МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ОМОРЧИЁН”

Левакант:  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Оморчиён” маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.

Дар маҷлиси мазкур Ҳакимов Мухтор мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Оморчиён” Ҳотамов Ҳотам ва вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант Бабаев Маҳмадалӣ иштирок намуданд.

Саравал ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Оморчиён” Азизов Рустам оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда шунида шуд.

Сипас аз ҷониби аъзоён Азизов Рустам раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Оморчиён” интихоб гардида оид ба масъалаҳои мазкур қарорҳои лозима қабул карда шуданд.

Ҳамчунин намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳрли Левакант Ҳакимов Мухтор вобаста ба тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, бунёди синфхонаҳои иловагӣ ва саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ бо сокинон суҳбат намуд.