РОҲ ПАЙВАНДГАРИ ДИЛҲО

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар шаҳри Левакант баҳри иҷрои банди 19-20-и нақшаи кории КИ ҲХДТ- дар шаҳри Левакант дар ҳамбастагӣ бо МИҲД-шаҳри Левакант тасмим гиирфтаанд, ки масофаи 1-км роҳҳои байни деҳаҳои Гулистон то роҳи марказӣ сангфарш намоянд.

Иқдоми мазкур дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида истодааст. Дар ин кори хайр соҳибкорони ҷамоати деҳоти "Гулистон" ва ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Роҳсозон" ва сокинон саҳми арзандаи худро гузоша истодаанд. Ҳамзамон, ҷиҳати иҷроии саривақтии ин ташаббуси созандагӣ  ташкилоти ибтидоии Роҳсозон техникаҳои ҳозиразамонро сафарбар намудааст.