СЕМИНАРИ ДАСТУРДИҲИ

Левакант:  

ЛЕВАКАНТ: Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Раёсати маорифи вилоят ва Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар толори маҷлисии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “САЙЁҲ” - и шаҳри Левакант семинари дастурдиҳӣ оид ба истифодабарии дурусти саҳифаҳои иҷтимоӣ аз тарафи хонандагони муассисаҳои таълимӣ доир карда шуд. Дар семинари дастурдиҳӣ намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Точикистон дар шахри Левакант, бахши маориф, роҳбарони синф, падарону модарон ва хонандагону донишҷуёни муассисаҳои таълимии шаҳр фаъолона иштирок намуданд.