ВОХӮРӢ БО ҶАВОНОН ТАҲТИ УНВОНИ "ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАШУДААСТ!"

Левакант:  

ЛЕВАКАНТ: Бахшида ба 79-солагии Ғалаба дар ҶБВ бо Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Левакант, дар МТМУ-и №2-и шаҳри Левакант бо хонандагону омӯзгорон вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ раиси Ташкилоти собиқадорон-Ҳикматулло Султонов, аъзоёни фаъоли Ташкилот собиқадорон подполковник Мастов Абдулҳаким, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ҷавонон ва варзиш"-и шаҳр-Шодихон Сафарзода, масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сипарони Ватан»-Бароталиев Сафар иштирок намуда, бо хонандагон вобаста ба моҳияти Ғалаба дар ҶБВ, Истиқлолият, сулҳу амният баромад намуданд.

Гуфта шуд, ки маҳз бо заҳмату талош, ҷонбозӣ ва қаҳрамонии бобоёнамон мо имрӯз озодона зиндагӣ мекунему соҳибистиқлолем. Истиқлолияти мо ба осони ба даст наомадааст. Баҳри пойдории сулҳу суботи комил зери сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик аз як гиребон сар бароварда ин неъмати бебаҳо Истиқлолиятро ба даст овардааст. Ва мо бояд идомабахши кори бузургонамон бошему нагузорем, ки нохалафе теша ба решаамон занад.

Инчунин баҳри пешгири аз терроризму экстремизм, хурофотпарастӣ, ҷиноят дар байни ҷавонон, ноболиғону наврасон, оворагардию одатҳои бад, кирдорҳои ба ҷомеа зараровар ва дигар амалҳои номатлуб сухан рафта, аз тарафи гурӯҳи корӣ таъкид шуд, ки ҷавонони мо бояд бештар ба омӯзиши илму дониш машғул гарданд. Бештар забонҳои хориҷиро аз бар намоянду дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат» ва дигар корҳои ҷамъиятии созанда ҷалб гардида, аз ҳоло ояндаи худро муайян созанд. Зеро ояндаи давлату миллат маҳз дар дасти ҷавонон буда, онҳо хазинаи тиллоии давлат ба ҳисоб мераванд.