ҶАРАЁНИ БАРГУЗОРИИ “СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
ЛЕВАКАНТ: Санаи 27 апрели соли 2024 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и шаҳри Левакант дар асоси Амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон “Соати сиёсӣ” доир гардид. Дар ин замина баромадкунандагон бо баромадҳои мукаммал ва дақиқ вобаста ба хизмати ҳарбӣ мактаби ҷасорату мардонагӣ ва пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ баромадҳо ва суҳбатҳои судманд баргузор намуданд. Дар рафти баргузории соатҳои сиёсӣ қайд карда шуд, ки имрӯз ҷавонони мо дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии ҷомеа назари солим ва диди густурда доранд, ки ин нишонаи возеҳи ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли ояндасози кишварамон мебошад. Бояд қайд намуд, ки баргузории “Соати сиёсӣ” дар МТМУ №14 дар вуҷуди хонандагон ҳувияти миллӣ худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯсиву меҳанпарастиро тарбия менамояд. Дар соатҳои сиёсӣ омӯзгорон, директори муассиса, ташкилотчии тарбиявӣ иштирок намуда оид ба мавзуъҳои “Соати сиёсӣ” андешаҳои худро баён намуданд.