НАҚШИ КАЛИДИИ ПАДАРУ МОДАР ВА ОМӮЗГОР ДАР АМАЛӢ ГАШТАНИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД”.

Левакант: Андеша  

 АНДЕША: Таълиму тарбия яке аз масъалаҳои муҳими рӯз ба ҳисоб рафта, паҳлуҳои гуногунро дар бар мегирад. Ин масъала бештар фаъолияти дастаҷамъонаро талаб менамояд. Аз ин хотир ҳамаамонро зарур аст, ки дар иҷрои вазифаҳои ба зиммадоштаамон бештар масъулият ҳис намоем.

Тарбия нисбат ба таълим аз рӯи мақсаду вазифа ва мазмуну мундариҷа муқаддамтару васеътар мебошад, аммо таълимро бе тарбия тасаввур кардан имконнопазир аст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти Сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаи тарбияи насли наврас як қатор қонунҳо қабул кард, ки яке аз онҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” мебошад. Қонуни мазкур 2-юми августи соли 2011, таҳти №762 қабул карда шуда, аз 6 боб ва 17 модда иборат аст.

Ҳамаамонро зарур аст, ки шогирдон-насли ҷавонро дар асоси дастуру ҳидоятҳо, роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат таълиму тарбия намоем, ки фардо номбардори миллату давлат ва Ватани азизамон гарданд.

Ҷомеаи омӯзгоронро зарур аст, ки дар таълиму тарбияи шогирдон ҳамкориро бо падару модарон хуб ба роҳ монанд. Бо мақсади амалӣ гаштани талаботҳои банду бобҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро мавриди омӯзиш қарор диҳанд.

Ҳамаи омӯзгоронро зарур аст, ки на вобаста аз фанҳои таълим медодагиашон дар ҳар як дарс қисматҳои тарбиявии дарсро хуб гузаронанд.

Пеш аз ҳама дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбияи донишҷӯён дар муассисаҳои таълимӣ аз фаъолияти мақсадноки омӯзгор вобастагӣ дорад, зеро мақсади асосии тарбия қисми таркибии мақсаду вазифаҳои давлат қарор мегирад, ки барои амалӣ намудани манфиатҳои давлат, ҷомеа ва ҳар як шаҳрванд равона карда мешавад.

Омӯзгорон бояд дар хотир дошта бошанд, ки соҳибистиқлоӣ, пеш аз онҳоро водор месозад, ки мақоми таълиму тарбияро тарзе ба роҳ монем, ки барои рушди худшиносӣ ва худогоҳии миллии шогирдон нақши муҳим бозад.

Роҳбари давлат таъкид менамояд:

“Барои эмин нигоҳ доштани ҷомеаи кишвар аз таъсири зуҳуроти манфии ҷаҳони муосир, аз ҷумла фарҳангу маънавиёти бегона, дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми забони модарӣ, суннату анъанаҳои фарҳангӣ, расму оинҳо ва либоси миллӣ, тарбия кардани насли ҷавон як амри зарурӣ мебошад”.

Оид ба омӯзондану амалӣ намудани қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрову риояи он, Пешвои муаззами миллат чунин таъкид карданд:

“Танҳо ҳамон миллате дар байни оламиён соҳиби обрӯву эътибор мегардад, ки Конститутсия ва қонунҳои худро эҳтиром ва риоя кунад, танҳо ҳамон давлат нуфуз пайдо менамояд, ки шаҳрвандонаш, сарфи назар аз мансубияти нажодӣ, миллӣ ва диниашон эҳтиром ва волоияти қонунро ба ҷо меоранд ва дар айни замон ба арзишҳои беҳтарини башарият арҷ мегузоранд”.

Омӯзгорон, падару модаронро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ шокирдон-фарзандонро дар руҳияи ростқавлӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ифтихор аз ин сарзамини биҳиштосо, ин миллату давлат дар асоси дастуру ҳидоят ва роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат ва талаботҳои бобу моддаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” таълиму тарбия намуда, ба боварии Сарвари давлат сазовор бошем.

Холов Тоҳир - котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пайравони Сино”-и шаҳри Левакант.