СОАТИ СИЁСӢ ТИБҚИ НАҚШАИ МУШТАРАК

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ЛЕВАКАНТ: Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони синни 12-16 сола, тарбияи онҳо дар рӯҳияи Ватан, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу маориф нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон тасдиқ карда шудааст, ки тибқи он ҳар рӯзи шанбеи охири моҳ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ соати сиёсӣ гузаронида мешавад. Бо ин мақсад дар Литсейи №1-и шаҳр бо иштироки муовини директор оид ба корҳои тарибиявӣ байни хонандагони сонфҳои болои Соати сиёсӣ дар мавзуҳои зерин: “Терроризм ва Эстремизм”, “Иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии кишвар ” гузаронида шуд.