МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “МАОРИФЧИЁН”

Левакант: Ҳисобот  

ЛЕВАКАНТ: Дар асоси талаботи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва қарори маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант моҳи апрели ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён”-и шаҳри Левакант бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант ва котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”-и шаҳри Левакант Вали Бердӣ маҷлиси ҳисоботи дар семоҳаи якуми соли 2024, доир гардид.

Дар маҷлиси ҳисоботӣ - интихоботӣ масъалаи зерин баррасӣ шуданд:

- ҳисоботи котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар семоҳаи якуми соли 2024 ва вазифаҳои минбаъдаи ташкилоти ибтидоӣ;

Оид ба масъалаи якуми рӯзнома ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба фаъолият шунида шуд. Қайд гардид, ки саҳми аъзои ҳизби ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ назаррас аст ва дар оянда роҳбарияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ кӯшиш менамояд, ки корҳоро дар доираи ободонию созандагӣ боз ҳам баланд бардорад.

Дар фарҷоми маҷлис Расулов Меҳтоҷалӣ-мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант оид ба масъалаҳои ҳаётан муҳим ибрози назар намуда, аз аъзои ҳизб даъват ба амал овард, ки дар ҷомеа намунаи ибрат буда, дар сафи пеши корҳои ободониву бунёдкорӣ қарор дошта бошанд.