АКСИЯИ ТОЗАГӢ БАХШИДА 30-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҲХДТ

Левакант: Созандагони ватан  
ЛЕВАКАНТ: Бо ҷалби волонтиёрон в аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва кӯчаву маҳаллаҳои шаҳр ҳар ҳафта рузи панҷшанбе аксияҳои тозагӣ гузаронида мешаванд.
Ин навбат аз тарафи волонтиёрон ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант шанбегӣ бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор” гузаронида шуд. Дар шанбегӣ хонандагон гирду атрофи муассисаҳои таълимӣ ва кӯчаҳои шаҳрро аз ҳар гуна партовҳо тозаву озода намуда, саҳми худро дар тозагии маҳалли зисти худ гузоштанд.