БУНЁДИ ИНШООТИ ГИГИЕНӢ БО УСУЛИ ДРЕНАЖӢ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ЛЕВАКАНТ: Бо мақсади беҳдошти ҳолати санитарӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон лоиҳаи сохтмони иншоотҳои гигиенӣ бо усули дренажӣ ҳамчун ташаббуси ҳизбӣ пешниҳод гардида буд.

Ин ташаббус аз ҷониби сокинони шаҳри Левакант дастгирӣ ёфта, аҳолӣ марҳила ба марҳила чунин иншоотҳои гигиениро дар ҳалии худ сохта истодаанд. Инак боз як иншооти гигиении дигар аз ҷониби сокинони деҳаи Гулистони Ҷамомти деҳоти Гулистон сохта ба истифода дода шуд.
Бартарии иншооти гигиенӣ бо усули дренажӣ дар он аст, ки он доимоистифодашаванда буда, шасхро дар руҳияи тозагӣ ва озодагӣ тарбия менамояд.