ИҚТИСОДИ САБЗ - ОМИЛИ АСОСИИ РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

Левакант:  

ЛЕВАКАНТ: Иқтисоди сабз яке аз самтҳои муосири илми иқтисод буда, тайи ду даҳсолаи охир ба арсаи пажӯҳиш ворид гардидааст ва дар доираи он бахшҳои дигари иқтисод, ки аз ҷузъҳои табиати муҳити атроф вобастагӣ доранд, баррасӣ мешаванд. Аз ин рӯ, солҳои охир ибораи иқтисоди сабз дар доираҳои олимон, сиёсатмадорон, муҳаққиқон ва мутахассисони соҳаҳои ҳифзи муҳити зист, кишоварзӣ, энергетика, иқтисод ва ҳоказо баррасӣ мешавад.

Дар робита ба ин дар доираи чорабиниҳои “Ҳафтаи илм” дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сайёҳ”-и шаҳри Левакант дар кафедраи иқтисод ва идора таҳти унвони «Иқтисоди сабз-омили рушди иқтисоди миллӣ» семинари илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Вобаста ба ин қайд карда шуд, ки Консепсияи иқтисоди сабз ғояҳои мухталифи улуми иқтисод ва фалсафа, аз ҷумла иқтисоди феминистӣ, иқтисоди захиравӣ, иқтисоди экологӣ, иқтисоди муҳити зист ва назарияи муносибатҳои байналмилалиро дар бар мегирад.

Зимни баррасии маърузаҳои илмӣ зикр шуд, ки амалӣ намудани Стратегияи мазкур ба таъмини рушди устувор дар соҳаҳои иқтисодиёт, суботи иҷтимоӣ, мувозинати экологӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон мусоидат менамояд.