ШАНБЕГӢ ДАР БИНОИ КИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
ЛЕВАКАНТ: Субҳи имрӯз Вобаста ба иҷрои барқияи телефонии аз 6-уми марти соли 2024 таҳти №1/2-08. Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ корҳои ободонию созандагӣ дар гирду гушаи бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант ва атрофи он шанбегии дастаҷамъона гузаронида шуд. Ҳайати шахсӣ сарҷамъона ба ҳашар баромада, ба тозакунии бинову атрофи корхона саҳм гузоштанд.
Бояд тазаккур дод, ки иқдомоти мазкур дар ҳошияи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи чорабиниҳо дар бораи густариши корҳои ободонӣ, тозагиву озодагӣ, ниҳолшинониву сабзкорӣ ва нигоҳдории майдончаҳои варзишии шаҳр сурат гирифта, то Ҷашни 30-солагии Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон идома меёбанд.