АМАЛИШАВИИ АКСИЯИ ҲИЗБИИ “ҲХДТ – ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР”

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ЛЕВАКАНТ: Бояд қайд намоем, ки ҳамарӯза аъзоҳои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ободонии маркази шаҳр фаъолона ширкат варзида, баҳри гулгулшукуфоии Ватани азизамон саҳми арзанда мегузоранд. Имрӯз субҳи барвақт аъзо ва ҷонибдорони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо иштироки Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант-Назарова Фароғат дар кӯчаи Борбади шаҳр  шанбегии дастаҷамъона таҳти унвони “ҲХДТ-Ҳизби созандаву бунёдкор” доир намуданд, ки барои тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи биноҳои истиқоматии худ ба ҳашари дастаҷамъона баромада, гирду атрофи онҳоро аз партовҳо ва роҳраву гулгаштҳоро аз алафҳои бегона тоза намуданд.